- сол
- III[سال]1. муддати як бор давр задани Замин ба даври Офтоб, ки 12 моҳи тақвимист ва ба чаҳор фасл тақсим мешавад; соли нав оғози соли тақвимӣ, ки одатан ҷашн гирифта мешавад; соли кабиса соли пурраи шамсӣ – мелодӣ, ки 366 рӯз буда дар чор сол як бор такрор меёбад, соли кабиса моҳи феврал 29 рӯз мешавад; сол аз сол аз як сол то соли дигар ; то рафт; он солҳо дар он айём, дар он даврон; солҳои сол солҳои гузаштаи бисёр, муддати зиёд; сол (аз) дувоздаҳ моҳ дар муддати тамоми сол, доимо, ҳамеша; оши сол маросиме, ки ба муносибати солгарди аввали мурдаи касе дода мешавад; сол додан маросими сари соли вафоти касеро қайд кардан2. син, синну сол3. сана, таърих: соли вафот, соли таваллуд, соли қаҳт(ӣ)III[سال]ниг. сал
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.